Чорабиниҳои иттилоотии онлайнӣ оид ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллии мубориза бо шиканҷа

Аз 27 то 30-юми майи соли 2025 ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллии мубориза бо шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо як силсила чорабиниҳои иттилоотии онлайниро баргузор намуд.

Чорабиниҳо дар шакли видеоконфронсҳо дар платформаи кушоди Jitsi Meet баргузор шуда, зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз тамоми минтақаҳои кишвар - ҳимоятгарони ҳуқуқ, адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, фаъолон ва ҷавононро ба ҳам оварданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқӣ ва фаҳмиши механизмҳои татбиқи қонунгузорӣ дар самти мубориза бо шиканҷа, аз ҷумла, моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ба иштирокчиён муқаррароти асосии ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешниҳод карда шуд. Дар рафти баррасӣ меъёрҳои мушаххасе, ки ҳимоят аз шиканҷа ва муносибати пастзанандаи шаъну шарафро кафолат медиҳанд, инчунин уҳдадориҳои давлатҳо оид ба риояи онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ба масъалаҳои амалӣ: нақши прокуратура дар тафтиши парвандаҳо оид ба шиканҷа, аҳамияти иштироки адвокатҳо дар ҳимояи қурбониён, имкони пешниҳоди шикоятҳо ба судҳо ва зинаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Иштирокчиён нақшаҳо ва стратегияҳои ҷории миллии ҳуқуқи инсон, инчунин роҳҳои ҳамоҳангсозии ҷонибҳои мухталифи манфиатдор - созмонҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносон ва ниҳодҳои давлатиро баррасӣ карданд.

Қисмати муҳими чорабиниҳо табодули таҷриба ва таҳлили парвандаҳои воқеӣ аз таҷрибаи судӣ буд, ки ба иштирокчиён имкон дод на танҳо дониши худро амиқ гардонанд, балки инчунин бубинанд, ки механизмҳои ҳуқуқӣ дар амал чӣ гуна кор мекунанд. Пас аз баррасиҳо иштирокчиён баланд шудани сатҳи огоҳияшон, таҳкими маҳорати касбӣ ва арзиши муколамаи зиндаро зикр намуданд.

Ташкилотчиён изҳори итминон карданд, ки чунин чорабиниҳои омӯзишӣ бояд мунтазам бо ҷалби аудиторияи васеътар гузаронида шаванд. Инчунин, фаъолсозии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, истифодаи шаклҳои интерактивӣ ва даъвати коршиносони байналмилалӣ ба хотири табодули таҷриба пешниҳод карда шуд. Чорабиниҳо нишон доданд, ки танҳо тавассути дониш, ҳамкории касбӣ ва амали пайваста дар мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дигаргуниҳои воқеӣ ба даст овардан мумкин аст.