Алиев: Прокуратураи генералӣ масъули татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа аст

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули бевоситаи татбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва Протоколи факултативии он мебошад.

Ин нукта дар ҷараёни чорабиниҳои иттилоотӣ, ки бахшида ба механизмҳои Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) ва омодасозии Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври сеюми ШУД барои солҳои 2021-2024 дар шаҳрҳои Бохтару Хуҷанд ва ноҳияҳои Рашту Рӯдакӣ баргузор гардиданд, аз ҷониби Зиёмуҳаммад Алиев - прокурори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, “мутобиқи талаботи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд”.

- Тамоми ҳисоботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки ба ниҳодҳои шартномавии Созмони Милали Муттаҳид ирсол карда мешаванд, қаблан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути гузаронидани муколамаҳои мустақим муҳокима карда шуда, пешниҳоду тавсияҳои онҳо таҳти баррасии ҷиддӣ қарор дода, пешниҳодҳои асосноки онҳо ба таври ҳатмӣ ба инобат гирифта мешаванд. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои махсусгардонидашудаи он дар доираи ваколатҳои хеш дар қисмати ҳифзи ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва муқовимат ба терроризм ҳамкорӣ менамояд. Яке аз самтҳои чунин ҳамкорӣ - мусоидат дар татбиқи уҳдадориҳои шартномавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сурати эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба зиммаи давлат иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вогузор карда мешавад. Яке аз ин уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи даврӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар доираи Шарҳи универсалии даврӣ мебошад,- меафзояд ӯ.

Ба таъкиди мавсуф, “баҳри ҷалби прокуророн ба татбиқи бевоситаи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, онҳо байни раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ тақсим карда шуда, прокуратураҳои поёнӣ низ вазифадор карда шудаанд, ки баҳри татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба намоянд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2010 бо мақсади таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад. Ғайр аз ин, аз ҳар як вазорату идораи давлатӣ шахсони ваколатдор оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъин карда шуда, рўйхати чунин шахсон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ намояндаи ваколатдори хешро пешниҳод намудааст, ки дар кори ҷаласаҳои он фаъолона ширкат меварзад”.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабиниҳои иттилоотӣ намояндагони Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” маърӯза хонданд.

NoTorture.Tj