Таҷлил намудани рӯзҳои байналмилалӣ муҳим аст

Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?

То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...

Дилноза Худобахшова, ҳуқуқшиноси ОО «Нотабене»: “Рӯзи ҳуқуқи инсон барои мо ёдоварӣ аз душвориҳоест, ки инсоният барои фаҳмидани аҳамияти шаъну шарафи ҳар як шахс, сарфи назар аз ҳар гуна нишонаҳое, ки ҳар як фард дорад, бояд аз сар гузаронад. Аз ин рӯ, асоси рушди устувори ҳар ҷомеа таъмини баробарӣ ва ҳимоя аз табъиз аст.

Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки худи одамон дар раванди қабули қарорҳо фаъолона иштирок кунанд, ки он метавонад на танҳо ба ҳаёти як шахс, балки ба тамоми ҷомеа таъсир расонад ё ба таври назаррас тағир диҳад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки рӯзҳои байналмилалиро бо роҳандозии чорабиниҳои густурдаи тарбиявӣ таҷлил намоем, аввалан, тараннум ва таҳкими дастовардҳои башарият, дуюм, доир ба баъзе масъалаҳое, ки боиси ташвишу изтироб мегарданд, оммаи васеъ маълумот дода шавад ва сеюм, сафарбар кардани захираҳо барои халли проблемахои мавчуда мебошад”.

Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Вилояти Суғд: 98 787 33 33

Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66

Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76

Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com

Сомона: www.notorturetj.org

Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.

NoTorture.Tj