Статьи

Дар соли 2024 Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 849 маводро бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилоф омода кардаву дар сомонаи худ ҷой дод. Дар давраи ҳисоботӣ Гурӯҳи расонаӣ медиа-стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ то соли 2030-ро таҳия намуд, ки ба инъикоси васеи масоили озодӣ...

16.01.2025 - 00:48

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи маъракаи соли 2024 «Ҳуқуқи мо, ояндаи мо, ҳозир», ки аз ҷониби СММ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон эълон шудааст ва ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, аксияи 30-рӯза баргузор намуд. Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ: Бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ...

13.12.2024 - 00:57

(Иқтибос: қ.3, б. 47 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*) 47.       Самтҳои асосӣ ва муҳимми фаъолият ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ инҳо ба шумор мераванд:...- таҳияи низоми самараноки пешгирӣ, тафтиш, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё...

20.09.2024 - 01:10

Дар давраи моҳҳои январ - июни соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 408 мавод омода карда шуд, ки дар сомонаи Эътилоф - www.notorturetj.org ҷойгир карда шуданд.   Гурӯҳи расонаӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамзамон иттилоот ва дигар чорабиниҳои ташкилотҳои аъзои Эътилофро инъикос намуд....

10.09.2024 - 01:05

Имсол аз қабули нахустин ҳуҷҷати байналмилалӣ дар самти мубориза бо шиканҷа - Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (10-уми декабри соли 1984) 40 сол пур мешавад. Рӯзе, ки ин Конвенсия ба қувваи қонунӣ даромад - 26-уми июни соли 1987, дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии...

27.05.2024 - 01:33

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон сомонаи худро дорад (www.notorturetj.org), ки дар он маводҳои аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилоф омодашуда ҷой дода мешаванд. 26-уми январи соли 2023 бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамоҳангсози Гурӯҳи расонаӣ - ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» қатъ...

14.05.2024 - 01:39

Дӯстони азиз, Ба таваҷҷуҳи шумо Стратегияи медиавии (расонаӣ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои солҳои 2024-2030 пешкаш менамоем. Стратегия ба тавзеҳи васеи масъалаҳои раҳоӣ  аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар воситаҳои  ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ...

13.05.2024 - 01:43

Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5-уми апрел вохӯрии корӣ баргузор кард. Иштирокчиёни вохӯрӣ медиа-стратегияи Эътилоф барои панҷ соли оянда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. Медиа-стратегия ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои медиавӣ, ки бо масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон сарукор доранд, мусоидат менамояд, то...

05.04.2024 - 01:19

Дар моҳи марти соли 2022 расонаҳо инъикоси қазияҳои пурсарусадоеро, ки муддатҳо боз роҳи ҳалли худро наёфтаанд, идома доданд. Санаи 23-юми март торнамои Радиои “Озодӣ” гузорише таҳти унвони “Созмони Милал парвандаи марги Исмонбой Бобоевро баст» (https://www.ozodi.org/a/31766891.html) пахш карда, иттилоъ дод, ки баъди 12 соли баҳсу муколама бо Тоҷикистон, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал...

03.04.2022 - 10:40

Дар моҳҳои январу феврали соли 2022 латукӯби сарбозон дигарбора мавзӯи баҳси расонаҳо гардид. Аммо, дар баробари ин, дигар қазияҳо низ инъикос ёфтанд. Рӯзи 21-уми январ торнамои радиои “Озодӣ” бо пахши хабар таҳти унвони “Марги марзбони тоҷик. Наздиконаш мегӯянд, "барои либос", фармондеҳ шарҳ намедиҳад» (https://www.ozodi.org/a/31664903.html) хабар дод, ки «як сарбози неруҳои марзбонии...

17.03.2022 - 12:51

Страницы