Article Pages

Анвар Норматов: Ман аз он сабаб қарор додам ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон дар заминаи раҳоӣ аз шиканҷа машғул шавам, ки дар бисёр ҳолат ҳуқуқҳои бо қонун кафолатдодашуда дағалона вайрон карда мешаванд. Мо, адвокатҳо, ҳамеша омодаем кўмаки ҳуқуқии баландсифату ҳирфаӣ расонем, зеро мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Асосӣ, «давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо...

23.05.2017 - 09:11

Саймумин Кабиров: «Ҳанўз аз хурдсолӣ ман ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши волотарин меҳисобидам, зеро ин ду категория барои ҳар як одам аҳамияти зиёд доранд. Масалан, ҳар як шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқи овоздиҳӣ метавонад дар идоракунии давлатӣ ва қабули қонунҳо таъсир гузорад. Дар ҳолати баръакс, ў аз ин раванд дур карда шуда, ақидааш дар идоракунии давлатӣ ба назар гирифта шамешавад....

22.05.2017 - 11:57

Далер Қурбонов: «Ҳимояи ҳуқуқ барои ман маънои фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқро дорад, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон аз худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона гардидааст. Чи тавр ман ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машғул шудам? Гап сари ин ки, ҳамчун донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ман дар мақомоти судии кишвар таҷрибаомўзӣ гузаштам. Онҷо аввалин бор дидам, судшавандаҳо дар суд мегуфтанд, ки...

20.05.2017 - 08:53

Фирӯза Усмонова: «Касб ва самтҳои фаъолияте ҳастанд, ки дар бисёр ҳолат аз онҳо тақдири одамӣ вобаста аст. Намояндаи яке аз чунин касбҳо адвокат ба шумор меравад. Касби ман имконият медиҳад, то ба одамоне, ки ба кӯмак ниёз доранд, ёрӣ расонам. Кори адвокатро ҳам метавон фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ гуфт. Пеш аз ҳама мехоҳам зикр намоям, ки адвокат ва ҳимоятгари ҳуқуқ одамони дорои эҳсоси...

19.05.2017 - 10:49

Дилшод Ҷӯраев: «Барои чӣ ман ҳимоятгари ҳуқуқ шудам? Шояд ба таври дигар ҳам буда наметавонист. Ман боварӣ дорам, ки инсон лоиқи эҳтиром ба дунё омадааст ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши воло ба шумор мераванд. Дар фаъолияти худ зиёд бо нақзи ҳуқуқи инсон, баъзан хеле даѓалона, дучор мешавам. Кӯшиш мекунам, ки таҷрибаву дониш ва меъёрҳои қонунгузориро истифода барам, то ҳуқуқҳои нақзшударо барқарор...

18.05.2017 - 14:09

Зебо Қосимова: «Ба ман касбам писанд аст, зеро метавонам ба одаме ёрӣ расонам, ки ба кӯмак ниёз дорад. Муошират бо одамони гуногун ва хоҳиши кӯмаку ҳал кардани масъалаи ҳаётии онҳо ба ман қаноатмандии баланди маънавӣ мебахшад. Ба одамон кӯмаки «фаврӣ ва фавқулодда» лозим аст. Аз ҳама муҳим - ба қувва ва дониши худ бовар кардан аст. Интихоби касбии ман ҳамчун адвокат барвақт сурат гирифт. Дар...

17.05.2017 - 10:07

Дилафрўз Самадова: «Барои ман шарафи инсонӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши волотарин аст ва барои ҳамин, ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машғулам. Фаъолияти ман барои мусоидат намудан ба риояи волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодии ҳар як инсону адолатмандӣ равона гардидааст. Ин кору меҳнати осон нест, ҳолатҳои зиёди стрессро дар пай дорад, вале ин корест, ки ман қадр мекунам». 

16.05.2017 - 10:42

Абдураҳмон Шарипов: «Ман маълумоти олии ҳуқуқӣ дорам, аз соли 1985 то 1997 дар системаи ВКД ҳамчун муфаттиш кор кардам, аз соли 1999 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, дар Ҳуҷраи адвокатӣ ба ҳайси адвокат кор мекунам. Аз соли 2007 ҳамчун адвокат ҳамкорӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқи Тоҷикистон ва иштирок дар мурофиаҳои судии стратегӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз...

15.05.2017 - 10:09

Аскар Турсунов: «Касби адвокатӣ дар бисёр маврид аз инсонӣ ва одобу ахлоқ вобаста аст. Ба ман ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамон писанд аст. Тақдиру ҳаёти одамон аз касбият ва муносибати бомасъулият ба парванда вобаста аст. Ҳар як адвокат, чун ҳимоятгари ҳуқуқ, бояд сифатҳоеро аз қабили бовиҷдонӣ, инсонӣ, одоб, маълумотнокӣ, истодагарӣ, худидоракунии интизомӣ ва бомасъулиятӣ доро бошад...

13.05.2017 - 09:17

Гулчеҳра Холматова: «Ман адвокатам ва кори адвокатро метавон фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ гуфт. Ҳимоятгари ҳуқуқ бояд шахси пеш аз ҳама дорои ҳисси масъулият нисбати дигар одамон бошад. Гӯш карда тавонистан ва дар сатҳи касбӣ расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба мурољиаткунанда аз ҳимоятгари ҳуқуқ доштани дониш дар самтҳои гуногуни фаъолият мехоҳад».

12.05.2017 - 15:10

Страницы