Article Pages

- Ҳимоятгари ҳуқуқ - ин нафарест, ки бо дарназардошти ҳуқуқҳои ҳамаи иштирокчиёни баҳс ё низоъ, қобилияти ишѓол намудани мавқеи ҳуқуқиро дорад. Ман ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон оѓоз кардам ва дар таҷрибаи адвокатии худ бисёр парвандаҳои марбут ба зӯровариву муносибати бераҳмона нисбати кӯдаконро дидам. Аммо кӯдакон худ наметавонанд мустақилона дар ҳамаи муассисаву мақомоти давлатӣ ҳуқуқҳояшонро...

08.06.2017 - 09:49

- Зиёда аз 10 сол боз ман ба дастгирии иҷтимоӣ машғулам ва ба кӯдакон кӯмак мерасонам. Тӯли ин солҳо дидам, ки кӯдакон бо ҳолат ва мушкилоти гуногуне рӯ ба рӯ мегарданд, ки онҳо ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Ба онҳо кӯмак расонида, хушҳол мешавам, ки барояшон кори нек кардам. Охир, кӯдакон ояндаи моянд. Ба ман касбам писанд аст.

07.06.2017 - 15:34

- Худи номи ташкилоти ҷамъиятӣ - «Корвони умед» гувоҳи фаъолияти мост. Мо занҳоеро, ки бо хушунат рӯ ба рӯомадаанд, дастгирӣ мекунем, ба онҳо роҳи раҳоӣ аз вазъияти қарордоштаашонро нишон медиҳем ва имкон фароҳам меорем, то ба оянда бо назари нек нигаранд. Вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки вазъияти бехатарро ба вуҷуд орем, то он ҷо онҳо тавонанд...

07.06.2017 - 12:21

- Ман барои ҳуқуқи инсон тариқи воситаҳои мусолиматомез - бо қонунҳо, маълумоти ҳуқуқӣ, иттилоотонии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо мақомот мубориза мебарам. Ҳадафи ман кўмак ба одамон, ба даст овардани адолат, барқарор намудани ҳуқуқҳои нақзшуда, каме ҳам беҳтар кардани зиндагии одамон аст. Кор кардан ба ҳайси ҳимоятгари ҳуқуқ хеле душвор аст. Дар ин самт пеш аз ҳама, сарфи назар аз душвориҳо, инсон...

05.06.2017 - 11:40

- Ман бо волидони кӯдакони маъюб муошират карда, ба хулосае омадам, ки марказе таъсис додан зарур аст, то падару модари кӯдакони бо имкониятҳои маҳдуд тавонанд дар масоили иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ маслиҳат гиранд ва дастгирии равонӣ дарёфт намоянд. Махсусан огоҳӣ надоштани волидон аз маҷмуи меъёрӣ-ҳуқуқи ҳимоякунандаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон ба он оварда мерасонад, ки чунин кӯдакон...

02.06.2017 - 13:29

-Муҳим ин ки, дар ин кор назди кӯдакон шахсан уҳдадорӣ ҳис намоӣ ва он вақт бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст. Дар ҳаёти ҳаррӯза чунин менамояд, ки ба кӯдак чизи бисёр лозим нест ва мо - калонсолон одат кардаем ба ҷойи онҳо қарор барорему ба худ суол намедиҳем, ки «худи кӯдак чӣ мехоҳад?». Агар мо ҷомеаи пешрафтае мехоҳем, ки кӯдакон тавонанд озодона изҳори ақида намоянду ҳуқуқҳои худро ҳимоя...

31.05.2017 - 10:22

- Адвокат пеш аз ҳама бояд касби худро дӯст дорад. Махсусан ҳамин гуна алоқамандӣ ба «ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон» маро ба адвокатура овард. Чун «адвокатура - санъати таъмин намудани инсонигарӣ тариқи тамоми роҳҳои қонунӣ аст». Ҳар як адвокат бояд қонунҳоро омӯзад ва бо иродаи қавӣ барои адолат талош намояд. Танҳо ҳамон вақт эътибори адвокатӣ кафолатнок аст!

31.05.2017 - 10:21

Ман зиёда аз 10 сол боз ҳамчун адвокат, аз љумла 6 солаш аз рӯи парвандаҳои Эътилоф кор мекунам. Тӯли фаъолияти худ доимо дар фикри он будам, ки адолат ва ҳақиқат тантана кунанд, гарчанде ин на ҳамеша даст медиҳад. Гап сари ин ки, парвандаҳои вобаста ба шиканља аз љумлаи душвортаринҳоянд. Исбот кардан душвор аст, ки зерҳимояи туро шиканља додаанд. Боз, кӯшиш намудан барои оѓоз шудани парвандаи...

26.05.2017 - 16:13

- Ягон одам аллакай бо дарки ҳуқуқ ва адолат ба дунё намеояд, аммо табиати инсонӣ тавре мураттаб шудааст, ки мувофиқи синну сол ин воқеиятҳо оҳиста-оҳиста ба таври табиӣ коркард мешаванд. Ҳанӯз дар синни наврасӣ, вақте дарк кардам, ки ҳуқуқ ва адолат чист, дар ман хоҳиши машғул гардидан ба ин кори бузург пайдо шуд. Дар фаъолияти касбии худ ман зиёд бо ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон ва...

25.05.2017 - 11:01

- Ман фикр мекунам, ҳар як инсон, касе зиёдтар, касе камтар ҳисси ҳимояи нафаронеро доранд, ки ҳуқуқҳояшон нақз шудаанд. Вақте қарор додам, ки дар роҳи ҳимояи ҳуқуқ қадам бардорам, маро ин эҳсос пурра фаро гирифт, зеро медидам, ки одамони ҳуқуқҳояшон поймолшуда ба ҳимоя ва кӯмак ниёз доранд. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кори бузург аст ва ман фахр мекунам, ки ба он машғулам.

24.05.2017 - 13:41

Страницы