Сайфиддин Қараев, рӯзноманигор: «Дар якҷоягӣ - мо қувваем»

Агар гӯям, ки ман ҳимоятгари ҳуқуқам, каме аҷиб садо медиҳад. Аммо қисми зиёди матолибе, ки аз ҷониби редаксияи мо ба нашр мерасанд, аз ягон ҷиҳат бо ин мавзуъ алоқаманданд. Ман бо онҳое, ки барои ҳуқуқи инсон мубориза мебаранд, бо эҳтиром муносибат мекунам, вале нисбати онҳое, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони оддиро нақз мекунанд, муносибати манфӣ дорам. Дар замони душвори мо ҳимоятгари ҳуқуқ будан мушкил аст. Ҳангоми ҳифзи ҳуқуқи инсон, рӯзноманигоре, ки нисбати рухдод бетафовут нест, худаш ва баъзан аъзои оилаи худро дар хатар мегузорад.

Худсонсурӣ ба он оварда мерасонад, ки рӯзноманигор маҷбур мешавад дар инъикоси мавзуи мазкур худро маҳдуд намояд. Дар ин моваро рӯзноманигор - «тани танҳо дар майдон ҷанговар нест». Шукр, ки ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, ҳуқуқшиносону адвокатҳои ботаҷриба, фаъолони шаҳрвандӣ ҳастанд ва якҷоя бо онҳо кор дар ин самт барои рӯзноманигор осон мешавад. Дар таҷрибаи ман буданд ҳолатҳое, ки бо кӯмаки нашри ин ё он матлаб мушкилоти шаҳрвандон ҳалли худро ёфтанд. Ба хабарнигоре, ки мавзуи ҳимояи ҳуқуқро инъикос мекунад, зарур аст, то ин корро хеле эҳтиёткорона, бо таҳлили ҳар як далел ва машварат бо мутахассисон анҷом диҳад. Барои ҳамин, тамоми қувваҳоеро, ки дар ин самт кор мебаранд, муттаҳид намудан лозим аст. Вақте рӯзноманигор дастгирии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаро эҳсос мекунад, барояш кӯмак расонидан ба одамон осон мешавад.