Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Бо муҳоҷирони меҳнатӣ ман аз соли 2008 кор мекунам. Соли 2009 Маркази дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Раштро роҳбарӣ мекардам. Соли 2010 ба гурўҳе аз Тоҷикистон, ки бо мақсади рушди ҷомеа тариқи таъсис додани ҷойҳои корӣ ва амалисозии системаи идораи муҳоҷират ба шаҳри Красноярск рафт, роҳбарӣ кардам. Ҳамон вақт қарор додам, ки бо муҳоҷирон кор мекунам, ба онҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маслиҳатҳои дақиқу боэътимод медиҳам, инчунин, бо мусоидат барои дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотии ба талабот ва заруратҳои муҳоҷирон ҷавобгў дарку фаҳмиши воқеиятҳои муҳоҷирати меҳнатиро барои ҷомеаи Тоҷикистон содда мекунам.
Ман ҳуқуқшинос нестам. Ман соҳибкорам, маълумоти ҳизбӣ низ дорам, аммо нозукиҳои ин мушкилиро хуб медонам, зеро дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои нақшу ҷойгоҳи ТҒҲ дар танзими равандҳои муҳоҷирати берунӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия зиёд иштирок кардаам.
Дувум, интихоби ман сари масъалаи машғул шудан ба ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ ба он алоқаманд аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон бо мушкилоти зиёд рў ба рў мегарданд, қонунгузории муҳоҷират ва манзил дар Русия маҳдуд мешавад ва огоҳии нокифоя дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати сукунат доштаашон онҳоро маҷбур месозад, ки мақоми ғайрирасмӣ гиранд. Онҳо ҳамеша зери хатари фиреб хўрдан аз ҷониби корфармоён ё миёнаравҳо қарор доранд, чун бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд.