Хушбахт Исоев, ТҶ "Дунёи ҳуқуқ:” Шиканҷа - ин нобудсозии шоистагии инсон аст

«Ҳамчун мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ман дар бисёр мавридҳо бо қиссаҳои дард ва ранҷе рӯ ба рӯ мешавам, ки дар натиҷаи раво дидани шиканҷа ба амал меоянд ва онҳоро наметавон ва набояд сарфи назар кард.

Манъи шиканҷа - ин танҳо як модда дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ нест. Ин як меъёри ахлоқист, сарҳадест, ки ягон шахс бо ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад онро убур кунад. Шиканҷа - ин нобудсозии шоистагии инсон аст. Он на танҳо ҷисм, балки рӯҳу эҳсосоти инсонро мешиканад. Ва ягон далеле вуҷуд надорад, ки шиканҷаро қобили қабул гардонад.

Манъи шиканҷа - масъалаи сиёсат ё манфиатҳо нест. Ин масъалаи инсонгароист. Ин як арзиши мутлақ, бечунучаро ва умумибашарист, чун агар он аз байн бурда нашавад, худи мо ва ё дигар наздиконамон дар дилхоҳ ҳолат метавонем бо он рӯ ба рӯ шавем».

Хушбахт Исоев,