Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"

Дар бораи ташкилот:

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати адлияи ҶТ аз қайди давлатӣ гузаштааст.

 Мақсади асосии ташкилот ин ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими назорати шаҳрвандӣ аз болои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, мусоидат намудан ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёту фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, мусоидат намудан ба беҳтар шудани шароити зисти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, дастгирӣ ва кўмак ба фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ дар идоракунии қисмҳои ҳарбӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Ташкилот ба даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод намуда, дар суд  ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро намояндагӣ мекунад, ки он аз тарафи ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони баландихтисос таъмин карда мешавад. Ҳамзамон машваратҳои ҳуқуқӣ тариқи телефонҳои боварӣ барои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.

Коршиносони ташкилот боварии комил доранд, ки Артиш бояд институте бошад, ки ҳуқуқи инсонро эҳтиром ва ҳифз намуда, баҳри амалишавии он мубориза барад. Хизматчии ҳарбие, ки ҳуқуқу озодиҳои худи ӯ риоя намешаванд, наметавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дигарро эҳтиром ва ҳимоя намояд.

            Айни замон ташкилот бо чунин фаъолият машғул аст:

Ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо;

  • Машваратҳоии ҳуқуқии ройгон;
  • Ҳифз ва намояндагии ҳуқуқи хизматчиёнии ҳарбӣ дар суд ва дигар мақомотҳо;
  • Эҳёгардонии (реабилитатсия) хизматчиёни ҳарбие, ки бо муносибаҳои ғайрионномавӣ рӯбарӯ шудаанд ва аъзоёни оилаи онҳо;
  • Мониторинги қимҳои ҳарбӣ бо ҳамроҳии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

 

ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ  “ДАФТАРИ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДӢ”
 

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 523

Тел: 992 92 720 80 83

Филиали ТҶ “ДОШ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд:

шаҳри Хуҷанд, кӯч. Ленин 183 а, ҳуҷраи 8

тел: (83422) 4 45 26

Телефонҳои боварӣ:

(+992 93) 333 17 03

(+992 93) 333 18 03

Е-mail: daftari.ozodi@gmail.com

https://www.facebook.com/officeofcivil

Барнома - замимаи маълумотии “Даъватшаванда” барои телефонҳои низоми андроид (Приложение – “Призывник”):

https://play.google.com/store/apps/details?id=com.dosh.books