Санаи мурофиаи Шаҳбол Мирзоев маълум шуд

Ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон, ки бояд 23-юми сентябр дар суди мазкур баргузор мегардид, аммо ба вақти дигар монда шуд, пагоҳ, 6-уми октябр доир мегардад. 

Тавре аз Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии ҳар ду ҷониб шуд, оғози мурофиаҳои нави додгоҳӣ бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта мешуданд: “Дар оғози мурофиаҳои нав додгоҳи Душанбе ба суди шаҳри Красногорск барои маълумот дар бораи табобати Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи низомии рақами 3-и Красногорск дархост фиристод буд. Моҳи июли соли равон беморхонаи Русия ба додгоҳи Тоҷикистон посух дод. Аз он вақт ин ҷониб мурофиаи парванда чанд бор ба таъхир гузошта шуд. Мурофиаи навбатӣ соати 9-и 23-юми сентябр дар бинои додгоҳи низомии гарнизони Душанбе таъин гардид”. 

Инчунин, ба иттилои манбаъ, Усмоналӣ Ғайратов, ки барои латукӯби Мирзоев моҳи июни соли 2014 ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар пайи ду қонуни афви охир се соли дигар дар зиндон хоҳад монд. 

Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор р пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд. 

Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латукӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо куҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. 

NoTorture.Tj