Ислоҳот

1. Ҳар кадом Давлати узви ин Конвенсия метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онро ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ирсол намояд. Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид баъд ислоҳоти пешниҳодшударо ба Давлатҳои аъзо ирсол намуда хоҳиш менамояд, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи Давлатҳои аъзо бо мақсади баррасии ин пешниҳод ва овоздиҳӣ оид ба он ҳастанд ё не.

Агар дар давоми чор моҳ аз таърихи фиристода шудани чунин нома ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи Давлатҳои аъзо барои баргузории чунин конференсия овоз диҳанд, Котиби Генералӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид конференсияро даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои Давлатҳои аъзои дар конференсия ҳозирбуда ва дар овоздиҳӣ иштирокдошта қабул мешавад, аз ҷониби Котиби Генералӣ барои тасдиқ ба ҳамаи Давлатҳои аъзо пешниҳод карда мешавад.

2. Ислоҳоти тибқи банди 1 ҳамин модда қабулшуда баъди он ки аз се ду ҳиссаи шумораи Давлатҳои аъзои ин Конвенсия ба Котиби Генералӣ дар бораи мутобиқи расмиёти конститутсиониашон қабул карда шудани онҳо огоҳинома мефиристанд, эътибор пайдо мекунад.

3. Вақте ки ислоҳот эътибор пайдо мекунад, иҷрои онҳо барои Давлатҳои аъзое, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатмӣ мегардад, барои дигар Давлатҳои аъзо муқаррароти ҳамин Конвенсия ва ҳар ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шуда буданд, ҳатмӣ хоҳад буд.

Моддаи 29-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj