Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Уктамҷон Игамов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

18. Уктамҷон Игамов

Сокини 37-солаи Турсунзода Уктамҷон Игамов рӯзи 2-юми июн дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргузашт.

Ӯ 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта боздошт гардида буд. Номбурда 28-уми май аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-и вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, вале рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ интиқол ёфта, дар он ҷо соати 15:40 аз дунё чашм пӯшид.

Ба гуфтаи табибон, сабаби марги ӯ хунравӣ дар сурхрӯда ва аз кор мондани ҷигар будааст.

Уктамҷон Игамов аз бемории гепатити В бо гузариш ба сиррози ҷигар ранҷ мебурд ва ба истифодаи доруворию хӯроки парҳезии махсус ниёз дошт. Аммо бо ёрии тиббии зарурӣ таъмин карда нашуд. Рӯзњои охир ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт: базӯр роҳ мерафт, пойи росташ пур аз омос буд.

NoTorture.Tj