Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Сафаралӣ Сангов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

6. Сангов Сафаралӣ

Моҳи марти соли 2011 Сафаралӣ Сангов дар маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» вафот кард. Ин воқеа чор рӯз баъд аз оне рух дод, ки ӯ ба он ҷо аз шуъбаи милитсия дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ интиқол ёфта буд. «Ӯ метавонист гурезад ва худро аз ошёнаи дуюм партояд ва баъди он, ки ӯро боздоштаву ба утоқ оварданд, боз метавонист гурезад ва сараш ба девор занад, ки ҳамин сабаби зарари марговар гардид»,- эълон дошт прокурор. Моҳи июли соли 2012 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар корманди милитсия тариқи авф қатъ карда шуд.

«Акнун такягоҳамон нест. Тамоми вазнинии зиндагӣ, ки баъди марги шавҳарам ба дӯши ман афтод дар муқоиса бо он чӣ, ки аз даст додам - бо такягоҳ ва қисматам, ҳеҷ аст»,- мегӯяд Сангова.

NoTorture.Tj