Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Хуршед Бобокалонов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

8. Хуршед Бобокалонов

27-уми июни соли 2009 ҷавони боистеъдод ва ояндадор Хуршед Бобокалонов дар маркази Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия ба таври дағалона боздошта шуд. Дар ҷавоб ба ғазабнок шудани ӯ аз чунин дуруштӣ, ӯро бо калтаки резинӣ заданд. Хуршед дар мошини милитсия, дар роҳ ба шуъбаи милитсия ҷон дод. Нафарони гунаҳгор дар марги Хуршед то ҳол эълон нашудаанд.

Саодат Кулиева - модари Хуршеда дар яке аз муроҷиатҳои сершумори худ ба Прокуратураи генералӣ менависад: «Нишондодҳои бардурӯғи шоҳидон ҷои ҳақиқатро гирифтанд. Барои пинҳон кардани далелҳо ва ҳолати марги писари ман чораҳо андешида шуд». Ӯ бовар дорад, ки ду кӯдаки Хуршед метавонанд ҳамеша бо падари худ фахр кунанд.

NoTorture.Tj