Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Фирдавс Раҳматов

26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.

15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!

 

3. Қиссаи Фирдавс Раҳматов

Ба гуфтаи волидонаш, Фирдавс Раҳматови 21-сола бо вайронсозии тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд, хусусан бо истифодаи ба қавле «облава». Фирдавс донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд, аммо дар кӯча беасос боздошта ва 7-уми майи соли 2015 ба хизмат бурда шуд. Ӯ дар қисми низомии №04080 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суѓд хизмат мекард. Падари ӯ баъдтар дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук изҳор дошт, ки Фирдавс чанд муддат пеш аз маргаш дар бораи латукӯб шуданаш аз ҷониби дигар хизматчиёнӣ ҳарбӣ нақл кардааст, аммо пешниҳоди падарро дар бораи шикоят кардан, бо сабаби тарс аз зӯровариҳои оянда рад намудааст.

7-уми июн ба волидони Фирдавс хабар доданд, ки ӯ фавтидааст ва бегоҳӣ ҷасадашро ба онҳо барои гӯронидан супориданд. Волидон гуфтанд, ки онҳо дар бадани Фирдавс Раҳматов хунрезиҳои зиёдро мушоҳида кардаанд ва падари ӯ ҳамчун далел чанд аксро дар саҳифаи фейсбукии худ пахш кард. 10-уми июн Прокуратураи ҳарбии вилояти Суѓд нисбати ду хизматчии ҳарбӣ бо моддаи 391, қисми 3 КҶ ҶТ (сӯйистифода аз ваколатҳои хизматӣ) ва нисбати як нафар хизматчии ҳарбӣ бо қисми 2-и моддаи 373 (вайрон кардани Кодекси ҳарбӣ) айб эълон намуд.

Мувофиқи иттилои сарчашмаи расмӣ, ҳар се хизматчиёни ҳарбӣ боздошт шуданд. Манбаъҳои расмӣ ба ВАО иттилоъ доданд, ки намояндагони фармондеҳии қисми низомии 04080 аз вазифаҳои ишѓолкардаашон сабукдӯш гардиданд. Тасдиқ шудааст, ки 7-уми июн ҳамон се нафар хизматчии ҳарбӣ ҳангоми машқҳои низомӣ зиёда аз 20 нафар ҳамхизматони Фирдавс Раҳматовро дар қатор рост карда, пайи ҳам латукӯб намудаанд.

NoTorture.Tj