Китоби «Тақдирҳои шикаста, умрҳои рабуда»

Хонандаи азиз,

Меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон манъи истифода аз шиканҷаро ҳамчун меъёри мутлақ муқаррар кардаанд, ки чунин маъно дорад: «Шиканҷа кардан лозим нест! Ҳеҷ гоҳ! Дар ягон ҳолат!». Ҳамзамон, шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳангоми боздошт ва гузаронидани тафтишоти ҷиноят таҷрибаи устувор, инчунин қисме аз муносибат дар артиш гардидааст, ки «дедовшина» ном бурда мешавад.

Имрўз ба шумо китоби такмилёфтаи «Тақдирҳои шикаста, умрҳои бурида»-ро пешкаш менамоем, ки дар он оид ба қиссаҳои воқеии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон нақл карда мешавад. Китоб ба мардонагиву устувории хешовандон, хотираҳои онҳо дар бораи писарҳо ва шавҳарҳояшон, ки ба зўроварию худсарӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратии кишвар дучор гардидаанд, бахшида шудааст.

Нахустандешаи таҳияи китоб ба ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» тааллуқ дорад. Се сол қабл мо китоби аввалини худро ба табъ расонида, умед доштем, ки он барои пешгирии шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ бо одамон саҳмгузор мешавад. Мутаассифона, ҳар сол Эътилофи зидди шиканҷа ҳолатҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла нисбати ҷавононро низ, ки дар натиҷаи истифодаи унсурҳои «дедовшина» дар артиш фавтидаанд, ба қайд мегирад. Қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва адвокатҳо солҳо талош менамоянд, ки тафтиши самараноки ҳар як ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузаронида шуда, нафарони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Дар ин китоб шумо метавонед маълумоти такмилёфтаро дар мавриди он қиссаҳое дарёфт намоед, ки ба нашри якум ворид карда шуда буданд. Инчунин, шаш қиссаи нав, ки дар солҳои 2014-2015 ҷой доштанд.

Мо боварии комил дорем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонии зидди шиканҷа пайваст шуда, метавонем дар мубориза муқобили беҷазоӣ дар ҷаҳон ва кишвари худ саҳми назаррас гузорем. Мо бори дигар мехоҳем аз ҳар як нафар даъват ба амал орем: Ба шиканҷа “не” бигўй! Беҷазоиро манъ намо!

 
NoTorture.Tj