Тоҷикистон ва уҳдадории манъи мутлақи шиканҷа: тавсияҳои СММ ҳамчун роҳнамо барои ислоҳот

Шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз масъалаҳои аз ҳама дардовар дар раванди ҳуқуқҳимоякунии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар доираи даври сеюми Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти шартномавии СММ бори дигар ба давлат уҳдадориҳои байналмилалиаш - таъмини манъи мутлақи шиканҷа, тафтишоти самараноки ҳар як ҳолат ва ҳимояи воқеии қурбониёнро ёдрас карданд. Маҷмуаи мазкур тавсияҳоро ба Тоҷикистон дар бар мегирад ва талаботу меъёрҳои калидӣ барои ислоҳот - аз амалисозии қонунгузорӣ то таъмини мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодиро ба низом медарорад. 

NotortureTj