Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 9-уми декабр, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тариқи радиои "Азия-плюс" барномаи радиоӣ пахш гардид, ки дар он ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ "Ҳуқуқи дастрас" ва ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" ба саволҳои шунавандагон посух гуфтанд.
Шунавандагон бо саволҳои зиёд, аз ҷумла дар мавриди ҳуқуқҳои умумии инсон, мафҳумҳои “ҳуқуқ” ва “озодӣ”, санадҳои ҳуқуқиву маърифати ҳуқуқӣ, таърифи ҳуқуқии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, тартиби муроҷиат дар сурати ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардидан, муоинаи мустақили тиббӣ ҳамчун абзори муҳими пешгирии шиканҷа муроҷиат карданд.
Ҳамзамон, муроҷиаткунандагон оид ба ҳуқуқ ба манзил, хусусан ҳангоми бартараф кардани манзил ва азнавсозӣ, бастани шартнома тариқи нотариалӣ, иҷро нашудани шартномаҳо ва талаби ҷуброн аз ширкати сохтмонӣ, нархгузории хонаи тахрибшавандаву ҳисоб кардани ҳаҷму масоҳати манзил ҳангоми пешниҳоди манзили нав саволҳо пешниҳод намуда, аз ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи дастрас” Шоира Давлатова посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Гузаронидани барнома дар доираи лоиҳаи "Роҳ ба сӯйи адолат: тақвияти ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсираӣ", ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад, имконпазир гардид.