Рӯзи аввал: тренинг оид ба офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон дар давраи адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ

Имрӯз, 8-уми июл дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе тренинги дурӯзаи омӯзишии кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котибони масъули шуъбаҳои ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон дар давраи адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ аз ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣоғоз гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон» баргузор гардид.

Дар рӯзи аввал тренери миллӣ Қутбиддин Каримиён, равоншинос, муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти равоншиносон-машваратчиён ва психотерапевтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуҳои зерин бо лексияҳо баромад мекунад: принсипҳои ахлоқии расонидани кумаки равонӣ ва иҷтимоӣ, стресс ва ҷароҳати равонӣ, усули паст кардани шиддати эмотсионалӣ, инчунин инкишофи малакаҳои муошират.

Ҳадафи тренинг баланд бардоштани иқтидори кормандони иҷтимоӣ ва таҳияи системаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар доираи барномаи таълимӣ барои дастгирии шахсони дар шароити душвори ҳаётӣ қарордошта, аз ҷумла маҳбусон ва шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озодгардида мебошад.

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»