Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқ дорад?
ПОСУХ: Бале, қурбонии шиканҷа - шахсе, ки аз шиканҷа зарар дидааст, ҳуқуқ ба гирифтани ҷуброни зарари аз шиканҷа расонидашударо дорад. Дар парвандаҳои ҷиноятие, ки чун шиканҷа тасниф шудаанд, ҷабрдидаи шиканҷа тибқи моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабрдида эътироф карда мешавад. Дар моддаи 21-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст: «Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад». Инчунин дар қисм 8-и моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки «Давлат ба ҷабрдида дастрас будани адолати судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад». Дар баробари ин, барқароршавии ҳолати равонии саломатии инсон - то барқарор шудани ҳисси хушбахтии инсонӣ дар сатҳе, ки то ворид шудани далели истифодаи шиканҷа ва расонидани зарар ба саломатӣ вуҷуд дошт.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj