Таваҷҷуҳ: чорабиниҳои иттилоотӣ

Аз 27 то 30-юми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллии мубориза бо шиканҷа, муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо баргузор мешаванд.

Чорабиниҳо ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола санаи 26-уми июн таҷлил мегардад, бахшида шудаанд. Онҳое, ки хоҳиши иштирок кардан доранд, метавонанд бо суроғаи https://meet.jit.si/InformationSessionsTortureTj (бидуни бақайдгирии пешакӣ) аз соати 10:00 то 12:00 ворид шаванд.

Баргузории чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг (тавассути ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон») имконпазир мегардад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, хоҳишмандем, тариқи почтаи электронии notorture.tj@gmail.com муроҷиат намоед.

NotortureTj