Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе 23-юми майи соли 2025 тренинги онлайнии якрӯза дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ» барои ҷавонони таваҷҷуҳманд баргузор мегардад.
Чорабинӣ ба Рӯзи ҷавонон, ки 23-юми май таҷлил мегардад, бахшида шудааст. Хоҳишмандони иштирок дар чорабинӣ метавонанд тариқи суроғаи https://meet.jit.si/NoTortureTj_Nasionalniy_mekhanizm аз соати 09:00 то 11:00 (бидуни бақайдгирии пешакӣ) ворид шаванд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг (тавассути ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон») баргузор мегардад.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тариқи почтаи электронии мазкур муроҷиат намоед: notorture.tj@gmail.com