Назорати маъмурӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони қаблан судшуда

Имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, мулоқоти кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе, бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт ва Шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни вохурӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ, ба роҳ мондани назорати маъмурӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шахсони қаблан судшуда ниҳоят муҳим мебошад.

 

 

dushanbepolice