Гулчеҳра Раҳмонова: Кўдакон ҳама чизи моянд

Аз рўи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин санаи муҳим суҳбате доштем бо намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Гулчеҳра Раҳмонова, ки онро пешкаши хонанда менамоем.

- Ба назари Шумо, Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон чи гуна рўз аст ва аз калонсолон чиро талаб мекунад?

- Ин рўзи байналмилалӣ аст ва онро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон қайд мекунанд. Вале, мутаассифона, дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, танҳо дар ҳамин рўз мо кўдакони худро ба ёд меорем, аҳамият медиҳем, ягон хел чорабинӣ мегузаронем. Дар ҳоле, ки ман фикр мекунам, Рўзи кўдакон бояд ҳар рўз бошад. Кўдакон ҳама чизи мо, ояндаи моянд. Барои ман муҳим аст, ки ба кўдакон на танҳо дар рўзи ид, балки ҳамешаву ҳамарўза таваҷҷуҳ намоянд. Калонсолон чӣ кор бояд кунанд? Мо бояд дарк намоем, ки вақте дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кўдак сухан мегўем, ин аллакай дигар ба кўдакон дахл надорад. Ин бевосита ба мо - калонсолон дахл дорад. Зеро мо имрўз дар бораи он фикр кардем, ки барои кўдаконамон чӣ лозим аст, чи хел ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя намоем ва кўдакони мо аз мо чиро интизоранд. Дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак кафолатҳои асосӣ, 4 шарти ҳимояи ҳуқуқи кўдак зикр ёфтаанд. Ин шартҳо ҳуқуқ ба зиндагӣ, рўзгузаронӣ ва рушди шоиста, зиндагӣ дар кишваре, ки он ҷо кўдак бидуни табъиз умр ба сар мебарад, манфиатҳои беҳтари кўдак ва назару ақидаи кўдак мебошанд. Барои ҳамин, хеле муҳим аст дарки он, ки тамоми системаи ҳимоя, аз ҷумла ҳимоя дар оила низ бояд дар асоси ҳамин чор шарт ба роҳ монда шавад. Агар ин чор шарт амалӣ гарданд, ман боварӣ дорам, ки кўдак чи дар оила, чи дар давлате, ки зиндагӣ мекунад, чи дар мактаб ва чи миёни ҷомеа ҳимоятшуда хоҳад буд.

- Ташкилоти шумо дар самти ҳифзи кўдакон чи гуна фаъолият мебарад?

- Ташкилоти мо дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2014 фаъолият мекунад. Мо асосан дар ду самт кор мекунем. Якум, ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кўдак дар системаи адолати судӣ. Дуюм, дар доираи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон офиятбахшии шахсони ба шиканҷа дучоршуда ва аъзои оилаҳои онҳо.

Дар давоми зиёда аз 10 сол мутахассисону таҳлилгароне, ки дар ташкилоти мо кор мекунанд, дар масъалаи ҳимояи кўдаконе, ки дар системаи адолати судӣ қарор доранд, фаъолият мебаранд. Онҳо чунин категорияи кўдаконе ҳастанд, ки ҷиноят ё қонунвайронкунӣ содир менамоянд, кўдаконе, ки қурбонӣ ва ё шоҳиди ҷиноят маҳсуб меёбанд.

Мақсади мо хизматрасонӣ, таъмин намудани адвокати ройгон дар мавриди парвандаҳои муайян, хусусан дар ҳолатест, ки кўдак ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона дучор мешавад. Ба ғайр аз ин, мо дар сатҳи системавӣ кор мекунем. Мо бо мақомоти давлатие, ки дар системаи ислоҳот дар самти адолати судӣ вобаста ба кўдакон фаъолият мебаранд, ҳамкории зич дорем. Яке аз мақомоте, ки шарики калидии мо ба ҳисоб меравад, Вазорати адлия, шуъбаи адлияи ювеналӣ (шуъбае, ки дар масъалаи ноболиғон кор мебарад) аст. Соли гузашта гуруҳи корие, ки дар назди ин шуъба таъсис ёфт, Нақшаи миллӣ оид ба масъалаҳои адолати судӣ вобаста ба кўдакон, аз ҷумла қурбониён ва шоҳидони ҷиноят дар солҳои 2017 - 2021-ро қабул кард. Ман фикр мекунам, ки ин барои кишвари мо пешравии хеле хуб аст.

- Боз бо кадом ниҳоду ташкилотҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқи кўдакон ҳамкорӣ доред?

- Мо инчунин бо маркази таълимии Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, бо маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкории зич дорем ва дар масъалаи адолати судӣ вобаста ба ноболиғон барои онҳо зиёд тренингу семинарҳои омўзишии якҷоя мегузаронем. Агар 5-6 сол пеш мо барои онҳо мустақилона тренинг баргузор мекардем, ҳоло аллакай аз ҳисоби суд, Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратура мутахассисон омода карда шудаанд. Онҳо акнун дар якҷоягӣ бо мо чунин тренингҳоро баргузор менамоянд ва сатҳи иқтидори мутахассисонеро, ки дар оянда бо кўдакон кор хоҳанд кард, боло мебаранд. Ин ташаббуси хеле хуб аст, аммо хоҳу нохоҳ ягон мушкил вуҷуд дорад ва бояд боз кор кард, таваққуф намудан сари пешравии бадастомада лозим нест.

Ҳамзамон, дар сатҳи ташкилотҳои байналмилалӣ мо бо фонди кўдакони СММ - ЮНИСЕФ ҳамкории зич дорем. Он шарики асосиамон ба шумор меравад, ки дар самти ҳуқуқи кўдак бо мо кор мебарад. Воқеан, бо шарофати дастгирии молиявӣ зиёд фаъолиятҳо дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Аз имсол ҳамкориро бо САҲА оғоз намудем. Ман хеле шодам, ки чунин ташкилотҳо ҳастанд. Зеро, қаблан танҳо ЮНИСЕФ буд ва албатта, маблағгузорӣ кофӣ набуд. Имрўз ман ҳис мекунам, ки имкониятҳо васеъ гардида истодаанд ва мешавад ин ё он кореро амалӣ намуд.

- Дар ҳоли ҳозир барои ҳифзи ҳуқуқи кўдакон кадом санадҳо муассиртаранд?

- Эҳтимол ҳама медонанд, ки Тоҷикистон соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдакро пазируфт ва бо ҳамин барои иҷро кардани он уҳдадорӣ гирифт. Тоҷикистон аллакай бори сеюм дар назди Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак ҳисобот дод ва охирин ҳисоботро мо соли 2017 дастрас кардем. Масоили адлияи ювеналӣ дар он ҷо хеле ҷиддӣ инъикос ёфтааст. Инчунин, се ҳуҷҷати ёридиҳандаи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак дар самти адолати судӣ вобаста ба кўдакон (аз ҷумла Қоидаҳои пекинӣ) мавҷуданд, ки онҳо низ хеле муҳиманд ва мафҳуми адлияи ювеналӣ ё адолати судӣ вобаста ба кўдаконро кушода медиҳанд.

- Дар умум, вазъи ҳимоятшавии кўдаконро имрўз дар Тоҷикистон чи гуна баҳо медиҳед?

- Аввалан, мехоҳам ҳолатҳои мусбатро зикр намоям. Агар ба панҷ соли пеш нигарем, дар мо тамоман ягон хел системаи ҳимоя вуҷуд надошт. Он чизе, ки амалӣ мешуд, шояд зиёди зиёд дар сатҳи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ буд. Қонуни алоҳида ва қонунҳое, ки кўдакро ҳимоя намоянд, вуҷуд надоштанд. Аммо соли 2015 Қонун «Дар бораи ҳуқуқи кўдак» қабул гардид. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис ёфт, ки аз он умеди зиёд аст ва мо фикр мекунем, ки ин институт бояд самаранок фаъолият намояду ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистонро пеш барад. Дар назди Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон низ шуъба оид ба ҳуқуқи кўдак вуҷуд дорад, ки аз он ҳам умедвориҳо зиёд аст. Умедворам, ки ин ниҳод мақоми ҳамоҳангсоз оид ба ҳуқуқи кўдак хоҳад буд. Ҳоло нақша аст, ки дар назди Вазорати маориф ва илм ҳам шуъба оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шавад ва он дар мавриди иҷроиши Қонун «Дар бораи ҳуқуқи кўдак» ҷавобгў хоҳад буд. Ҳамаи ин ташаббусҳо хубанд. Аммо суол ин ҷост, ки ин дар амал чи тавр кор медиҳад?

Мо қонун қабул кардем. Гарчанде аз нуқтаи назари стандартҳои байналмилалӣ нисбати ин қонун шарҳҳои зиёд мавҷуданд, муҳим ин ки, мо қадами аввалро гузоштем. Дигар, ман фикр мекунам, ки кор осон мешавад.

Ба ҳар сурат, мо бояд ба он аҳамият диҳем, ки дар Тоҷикистон сиёсати ягона оид ба ҳимояи ҳуқуқи кўдак вуҷуд дошта бошад, то самаранок кор кунад ва кўдакони моро ҳимоят намояд.

NoTorture.Tj