Нуҳ тамоюли мусбат дар фаъолияти Эътилоф

Дар рўзҳои омодагӣ ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, мо ба андеша рафтем: ба кадом тамоюлоти мусбат дар фаъолияти Эътилоф муваффақ гардидем, кадом парвандаҳои ҷиноятиро тавонистем аз ҷой «ҷунбонем»? Ва чунин манзара ҳосил шуд.

Дархости санҷишҳои прокурории аризаҳо оид ба шиканҷа  

Дар таҷриба, адвокатҳо вобаста ба зерҳимояҳои худ санҷиши прокурории аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро дархост мекунанд. Баъди шинос шудан бо натиҷаҳои чунин санҷиш, агар барои нопурра ё ғайривоқеӣ донистани он асос вуҷуд дошта бошад, адвокат оид ба гузаронидани санҷиши иловагӣ ва фиристодани маводҳои парванда ба прокуратураи дигар дархост пешниҳод мекунад. Ҳамин тавр, аз рўи як парванда, ки шаҳрвандон барои кўмаки ҳуқуқӣ муроҷиат карданд, дар рафти санҷиши прокурорӣ ҳатто ду корманди фаврӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд.

«Мақомоти прокуратура уҳдадоранд, ки дилхоҳ маълумот дар бораи истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунии тафтишоти пешакии марбут ба муносибати бераҳмонаро санҷанд ва тафтиши босифату қабули қарори мурофиавии қонуниро таъмин намоянд. Ба ваколати онҳо инчунин дар баробари кормандони мақомоти тафтишотӣ, ки ба шиканҷа роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани мансабдороне, ки бо таҳрикашон ин амалҳо роҳ ёфтаанд, дохил мешавад»,- шарҳ медиҳад роҳбари Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилоф Наҷиба Ширинбекова.

Ариза дар бораи далелҳои беэътибор

Адвокатҳое, ки бо Эътилоф ҳамкорӣ мекунанд, дар судҳо мувофиқи моддаи 88, прим 1-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ оид ба далелҳои беэътибор аризаи шикоятӣ пешниҳод мекунанд. Ин модда ба КМҶ соли 2016 ворид шуда, муайян мекунад, ки дар ҳолати ба даст овардани далелҳо бо роҳи маҳрум намудани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз ҳуқуқҳояшон, ки қонун кафолат додаст, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар тартибҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми тафтишоти пешакӣ ё баррасии судии парванда далелҳо беэътибор дониста мешаванд. Истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зўроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ асос барои беэътибор донистани далелҳо ва пайдо шудани шубҳа нисбати ҳақиқӣ будани онҳо мегарданд. Айни замон намунаҳо вуҷуд надоранд, ки судҳо аз ин модда кор гирифта бошанд, аммо истифодаи ин таҷриба дар кори адвокатҳо тамоюли мусбат ба назар мерасад.

Ариза дар бораи аз нав бандубаст кардани парвандаҳои «шиканҷа»

Ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо бо овардани далелҳои зарурӣ оид ба ҳар як парвандаи мушаххас тибқи моддаи 143, прим 1 (Шиканҷа) ариза дар бораи аз нав бандубаст кардани парванда пешниҳод менамоянд.

То имрўз таҷрибаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ оид ба муносибати бераҳмона аз рўи «моддаҳои алоқаманд»: «барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ», «баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ», «сўйистифода аз ваколати мансабӣ», «беэътиноӣ», «вайрон кардани қоидаҳои муносибат байни хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми набудани тобеият миёнашон», «сўйистифода аз ҳокимият ё ҳолати хизматӣ», «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ ва ё беамалии мақомот» вуҷуд дорад.

Мутаассифона, ҳанўз кўшишҳои аз нав бандубаст кардани парвандаҳо муваффақ нагардидаанд, тавре мегўянд, «аз зери санги хобида об намешорад».

Ариза дар бораи таъини ташхисҳои руҳӣ - равонӣ

Дар соли 2017 якчанд муроҷиат оид ба муносибати бераҳмона нисбати ноболиғон ба қайд гирифта шуда буд. Мушкили ҷудогона дар ин қисм - набудани таҷрибаи таъини ташхис оид ба вазъи руҳӣ/равонии кўдак, ки аз истифодаи муносибати бераҳмона гувоҳӣ диҳад, ба шумор меравад. Зўроварӣ нисбати кўдакон дар муассисаҳо хислати равонӣ дорад, задан бошад, тавре сурат мегирад, ки изҳои ҷисмонӣ намонанд. Он мақомоти прокуратура ва милитсия, ки аризаро месанҷанд, барои маълум намудани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ташхис таъин мекунанд. Судҳо дархости адвокатҳоро то анҷоми баррасиии судӣ «кушода» мемонанд ва ин таҷриба адвокатҳоро маҷбур мекунад, ки бо шикоят аз беамалии судҳои ҷудогона ба Суди Олӣ муроҷиат намоянд.

Дар мавриди муроҷиатҳои ноболиғон ва намояндагони онҳо Эътилоф бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ҳамкории фаъол дорад ва ин институтро ба ҳимои ҳуқуқи кўдак дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ ҷалб месозад.

Иҷрои қарорҳо оид ба ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа

Кори адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон дар қисми таъмини иҷрои қарорҳои судӣ оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавии ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона расонидашуда таваҷҷуҳи ҷудогона мехоҳад. Дар ин самт як қатор мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки ба набудани моддаи алоҳида дар буҷаи мақомот барои пардохтани ҷуброн ҳангоми истифода шудани шиканҷа аз ҷониби корманони ин мақомот нисбати шаҳрвандон, ба набудани некхоҳӣ дар шахсони масъули алоҳида, ба камбудиҳо дар кори иҷрочиёни суд ва ғайра алоқаманданд. Адвокатҳо инчунин аз имкониятҳое аз қабили қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони мақомот ва муовинони онҳо барои ҳал кардани мушкилоти зерҳимояҳои худ фаъолона истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои алоҳида барои ҳал нашудани қарорҳои судҳо тибқи варақаи иҷро ба Дастгоҳи президент шикоятҳо омода карда мешаванд.

Имкониятҳои ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷа мувофиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Адвокатҳо истифодаи дархост дар бораи гузаронидани ташхиси равониро, ки дар бисёр ҳолат дар зерҳимояҳо мавҷуд будани нишонаҳои баъд аз ҷароҳат боқимондаро, ки вуҷуд доштани шиканҷа ва зўровариро тасдиқ менамоянд, таҷриба мекунанд.

Истифодаи Amicus curiae

Адвокатҳо таҷрибаи Amicus curiae (ин истилоҳ симоеро дар назар дорад, ки таваҷҷуҳи судро ба маълумотҳои ба парванда алоқаманд ҷалб месозад, дар ҳоле, ки шахси зикршуда дар парванда ҷониб маҳсуб намеёбад ва барои иштирок дар парванда аз ҷониби иштирокчиёни бевоситаи он ҷалб карда намешавад)-ро ҳамчун воситаи кўмак ба суд истифода мебаранд. Эътилоф коршиносони байналмилалиро барои омодасозии чунин шакли ҳуҷҷатҳо ҷалб менамояд. Amicus curiae ба суд кўмак мерасонад, то вобаста ба парванда қарори иттилоънок барорад, зеро далелҳову ҳолатеро пешниҳод менамояд, ки аз далелҳои пешниҳодкардаи ҷонибҳои мурофиаи судӣ тафовут доранд, таҳлили ҳуқуқии далелҳо оид ба парвандаро, ки ҷонибҳо пешниҳод намудаанд, фароҳам меорад, дар бораи таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масъала ва ғайра иттилоъ медиҳад. То имрўз Amicus curiae дар як қатор парвандаҳо оид ба ҷуброни зарари шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла дар парвандаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва ноболиғон истифода бурда шудааст. Айни замон аз рўи ду парванда омодасозии Amicus curiae ба назар гирифта шудааст: дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок нисбати ҷавобгар - Прокуратураи генералии ҶТ (парвандаи Бобоҷонов) ва оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои истифодаи шиканҷа нисбати ВКД ҶТ (парвандаи Ғоибов).

Истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа

Адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони Эътилоф таҷрибаи худро дар истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, аз ҷумла тартиби пешниҳоди маълумоти инфиродӣ ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ васеъ менамоянд. Инҷо метавон аз парвандаи «Ҷўрабой Бобоев муқобили кормандони РМЗҶМ ВКД ҶТ дар Суғд» ёдовар шуд. 19-уми марти соли 2010 кормандони РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд аз масҷиди калони шаҳри Исфара Исмонбой Бобоевро бо гумони иштирок дар ташкилоти экстремистӣ боздошт карданд. Боздоштшударо ба бинои РМЗҶМ ВКД дар Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, бурданд. Баъди истифодаи зўроварии ҷисмонӣ ва қувваи барқ бо мақсади гирифтани нишондоди худиқрории иштирок дар ташкилоти экстремистӣ, Исмонбой Бобоев вафот кард. Аз он замон ҳафт сол гузашт, вале гумонбарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда нашуданд. Танҳо бо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз кор озод намудани ҳарду кормандони РМЗҶМ ВКД маҳдуд шуданд. Аз рўи ин парванда ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродӣ пешниҳод карда шуд. Моҳи августи соли 2017 Кумита ба фоидаи Ҷўрабой Бобоев - падари Исмонбой мувофиқи чанд моддаи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ нақзи ҳуқуқ аз ҷониби давлатро эътироф кард.

Ҳамкорӣ бо ВАО

Инъикоси ҳолатҳои шиканҷа дар доираи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" имконият фароҳам овард, ки ҳавзаи касбӣ барои рўзноманигорон муҳайё гардад. Ин заминаи хуб барои ташкил шудани маркази расонаие гардид, ки айни замон дар доираи Эътилоф фаъолият мебарад.

Дар соли 2017 аз ҷони Гуруҳи расонаии Эътилоф дар ҳамкорӣ бо дигар гуруҳҳо қариб 500 матолиб омода карда шуд: инфографикаҳо, тадқиқотҳои журналистӣ, матолиби иттилоотӣ, таҳлилӣ ва чандрасонаӣ, инчунин варақаҳои иттилоотӣ, шарҳҳои матбуотӣ ва ғайра.

Қисми зиёди матолибе, ки ба масоили шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дахл доштанд, дар дигар ВАО («Азия-Плюс», «Фараж», «Радиои Озодӣ», «Озодагон» ва ғ.) бознашр шуданд.

Бояд зикр намуд, ки рўзноманигорон ҳангоми омодасозии матолиб бо адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони Эътилоф ҳамкорӣ мекунанд.

Боло бурдани касбияти адвокатҳо

Ҳаҷми кори адвокат дар мавриди муносибати бераҳмона салоҳияти кофӣ ва касбияти баландро тақозо мекунад, то ҳамаи қонуншиканиҳоро муайян намояд. Бо дарки ин масъала, Эътилоф дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳо пайваста барои адвокатҳо тренингҳо мегузаронад. Чунин тренингҳо имконият доданд, то адвокатҳое, ки қаблан ба ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ҳадафмандона машғул набуданд, омўзонида шаванд. Аз моҳи октябр то ноябри соли 2017 зиёда аз аз 70 адвокат аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба барномаи омўзишӣ фаро гирифта шуданд.

Миёнаи моҳи декабри соли 2017 дар Душанбе барои гуруҳҳои Эътилоф, адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, ташхисгарони судӣ-тиббӣ ва табибони руҳшинос аз рўи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинг баргузор гардид. Чунин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки табибон ва ҳуқуқшиносон талошҳои худро баҳри тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона муттаҳид созанд, то ин ки ташхисҳои тиббӣ ҳамаҷонибаву пурра гузаронида шаванд ва ҳуқуқшиносон тавонанд ин хулосаҳои тиббиро дар рафти таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа истифода баранд.

Айни замон дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилоф зиёда аз 50 адвокат дар сартосари ҷумҳурӣ ба таври доимӣ ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа машғуланд.

NoTorture.Tj