Қазияи Фирдавс: Аз 1000 сомонию ваъдаи раис то зарбаи марговар ба гулӯ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд барои ибрози ҳамдардӣ ба назди волидони Фирдавс Раҳматов, наваскари Вазорати дифои Тоҷикистон рафтааст, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд. 

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, раиси шаҳри Хуҷанд дар раъси як ҳайат рӯзи 9 июни соли равон ба хонаи онҳо омада, кӯмаки молӣ низ кардааст. Ба гуфтаи модари Фирдавс, шаҳрдори Хуҷанд ваъда додааст, қазияи писари онҳо таҳти назорати шахсии ӯ қарор дошта, омилони куштор ҳатман муайян ва ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд: “Бисёр афсус хурданд, ки онҳо ҳамеша ба навскарон диққати ҷиддӣ медиҳанду ин ҳодиса чӣ тавр рух додааст?!” 

Хонум Раҳматова афзуд, шаҳрдории Хуҷанд ба хонаводаи онҳо ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ва миқдоре равғану орд низ кӯмак кардааст. 

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. 

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, ки Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа натоиҷи аввалияи тафтишотро эълон карда, гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”. 

Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”. 

Масъулини Додситонии ҳарбии вилояти Суғд мегӯянд, ҳоло алайҳи сержантҳо - Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимовбар асоси моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва Айём Назаров, сарбози қаторӣ тибқи моддаи банди 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ozodagon