Рӯзи 13-уми сентябр иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ ифтитоҳ мешавад

То ифтитоҳи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамагӣ чанд рӯз боқӣ мондааст. Ҷамъияти дипломатии СММ, инчунин сокинони Ню Йорк ба сафари солонаи сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз тамоми ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Дар ду соли қаблӣ иҷлосия ба далели чораҳои марбут ба COVID-19 дар шакли ғайриоддӣ баргузор шуд. Тафсилоти зиёди вохӯриҳои дарпешистода ҳанӯз дақиқ нест, аммо якчанд рӯйдоди дар давраи аз 13 то 27-уми сентябр ба нақша гирифташуда аллакай маълуманд. Дар ин бора маркази иттилоотии СММ хабар медиҳад.

Раиси Ассамблеяи Генералии СММ дипломат аз Маҷористон хоҳад буд

Дар ҳар як сессия раиси нави Ассамблеяи Генералӣ роҳбарӣ мекунад. Раиси кунунӣ - Абдулло Шаҳид аз ҷазираҳои Молдив мақомашро тарк мекунад ва Чаба Кёрёши аз Маҷористон барои 12 моҳи оянда ифои вазифа хоҳад кард.

Интиқоли ваколатҳо рӯзи сешанбе, 13-уми сентябр сурат мегирад. Шаҳид субҳ иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералиро пӯшида эълон мекунад ва 77-умин иҷлосия дар ҳамон рӯз соати 15:00 расман ифтитоҳ мешавад.

Дипломати маҷорӣ Чаба Кёрёши мутаваллиди соли 1958, хатмкардаи Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав (ДДРБМ) мебошад. Ӯ ба ҳайси Намояндаи доимии Маҷористон дар СММ фаъолият дорад. Ба ҳайси дипломат дар Лубнон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Исроил ва Юнон хидмат кардааст. Солҳои охир ӯ ба ҳайси директори департаменти устувории экологии Дастгоҳи президенти кишвараш кор мекунад.

Кёрёши забонҳои англисӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва русиро медонад. Азбаски чанд сол боз дар фаъолияти СММ иштирок мекунад, барои унс гирифтан бо вазифаҳои раисӣ вақти зиёд сарф нахоҳад кард: Кёрёшӣ дар солҳои 2011-2012 дар иҷлосияи 67-уми Ассамблеяи Генералӣ муовини раис буд.

Чун анъана, таваҷҷуҳи ҳама ба як ҳафтаи баҳси сатҳи баланд нигаронида мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо дар атрофи СММ пулисҳои зиёд ҳузур меёбанд ва роҳбандиҳои калон ба миён омада, шикоятҳои сокинони маҳаллӣ садо медиҳанд.

Баҳси умумии солона, ки маъмулан сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо қариб аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро гирди ҳам меорад, рӯзи сешанбе, 20-уми сентябр оғоз шуда, то рӯзи душанбе, 26-уми сентябри соли 2022, аз ҷумла рӯзи шанбе, 24-уми сентябр идома хоҳад кард.

Аз рӯи анъана мубоҳисаи умумии сиёсиро Бразилия мекушояд ва пас аз он ИМА - ҳамчун давлате, ки қароргоҳи СММ дар ҳудуди он ҷойгир аст, баромад мекунад.

Саммити ислоҳоти маориф

Ҳодисаи муҳими ин рӯзҳо ҳамчунин Саммити ислоҳоти маориф хоҳад буд, ки 19-уми сентябр дар қароргоҳи СММ баргузор мешавад. Рӯзҳои 16-17-уми сентябр, пеш аз он, вохӯриҳои ҷавонон дар СММ бахшида ба ин мавзуъ доир мегарданд.

Рӯзи ҷумъа "рӯзи сафарбаркунӣ" буда, аз ҷониби ҷавононе ташкил карда мешавад, ки ният доранд нигарониҳои ҷавонписарону духтаронро дар бораи таҳсилот ба таваҷҷуҳи тасмимгирандагон ва сиёсатмадорон расонанд. Чорабиниҳои пеш аз ин ҳамоиш баҳри сафарбар кардани ҷомеа, ҷавонон, омӯзгорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар саросари ҷаҳон пешбинӣ шудаанд.

Рӯзи 16-уми сентябр дар чунин мавзуҳо баҳсҳо сурат мегиранд: мактабҳои фарогир, одилона, бехатар ва солим; омӯзиш ва малакаҳои зарурӣ; кор ва рушди устувор; омӯзгорон, таълим ва касби омӯзгорӣ; омӯзиши рақамӣ; маблағгузории маориф.

Рӯзи душанбе, 19-уми сентябр рӯзи пешвоён хоҳад буд, зеро дар ин рӯзҳо ба Ню Йорк сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо меоянд.

Худи ҳамон рӯз Эъломияи ҷавонони саммит муаррифӣ ва изҳороти Дабири кулл оид ба консепсияи ислоҳоти маориф тасдиқ мегардад.

Ҳадафҳои рушди устувор

Чорабинии дигаре, ки аз соати 08:30 то 10:00-и рӯзи душанбе, 19-уми сентябр, пеш аз баргузории Саммити ислоҳоти маориф доир мегардад, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи соли 2030 бахшида мешавад.

Зимни суханронӣ дар Форуми сиёсии сатҳи баланд - форуми калидии солонаи рушд дар моҳи июл муовини якуми Дабири кулл Амина Муҳаммад гуфта буд, ки гузариш ба сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, ислоҳоти системаҳои ғизо ва тавсеаи алоқаи рақамӣ, инчунин сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва маблағгузорӣ барои рафъи буҳронҳои сершумору кушодани уфуқҳои нав муҳим аст.

Амина Муҳаммад гуфт, ки чорабинии имсолаи Ҳадафҳои рушди устувор имкон медиҳад, то "ба ин тағйироти амиқ ва корҳое, ки барои дубора ба роҳ мондани ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, тамаркуз шавад". Ин рӯйдод як марҳалаи муҳим дар роҳ ба сӯи саммити соли 2023 хоҳад буд.

Соли гузашта дар чорабинии ҲРУ ситораҳои намоёни кореягӣ ва дӯстони СММ аз гуруҳи мусиқии BTS иштирок доштанд. Навозандагон аз соли 2017 бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар доираи маъракаи "Худатро дӯст дор” (Love Myself), ки барои муқобила бо таҳқир ва баланд бардоштани эътимоди худ дар кӯдакон ва наврасон пешбинӣ шудааст, ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳуқуқҳои ақаллиятҳо

18-уми декабри соли 1992 кишварҳои узви СММ Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, этникӣ, мазҳабӣ ва забонӣ (ихтисоршуда - Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи ақаллиятҳо)-ро қабул карданд, ки дар СММ онро воситаи асосии таъмини ҳуқуқҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании шахсони ба ақаллиятҳо мансуббуда номиданд.

Рӯзи чоршанбе, 21-уми сентябр дар толори Шӯрои парасторӣ ҷаласаи сатҳи баланд бахшида ба 30-солагии Эъломия баргузор мешавад.

Дар моҳи июн Пауло Дэвид - раиси бахши ҳуқуқи мардуми бумӣ ва ақаллиятҳои Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар як баромадаш гуфт, ки дар ҳоле қабули Эъломия се даҳсола пеш боиси умед шуда буд, ақаллиятҳо то ҳол бо табъиз рӯ ба рӯ ҳастанд ва дар бисёр низоъҳо, аз ҷумла дар Украина, Эфиопия, Мянма, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Яман ҳамчун “асбоб” мавриди истисмор қарор мегиранд.

Ба гуфтаи СММ, ақаллиятҳо имрӯз аз маҳдудиятҳои бесобиқа азият мекашанд. Дар бисёр кишварҳо онҳо бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла бо зуҳуроти нафрат дар интернет рӯ ба рӯ мешаванд. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки мушкилот муайян, дастовардҳо гӯшрас, таҷрибаҳо ёдоварӣ ва афзалиятҳо барои оянда муайян карда шаванд.

Ҳафтаи ҳадафҳои глобалӣ

Баҳси умумӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералӣ ба Ҳафтаи ҳадафҳои глобалӣ рост меояд, ки сарфи назар аз номаш, воқеан як барномаи нуҳрӯзаи чорабиниҳои виртуалӣ ва шахсист, ки аз 16 то 25-уми сентябр баргузор мешавад. Дар онҳо беш аз 170 шарикон аз шумори ҷомеаи шаҳрвандӣ, тиҷорат, доираҳои илмӣ ва системаи СММ иштирок мекунанд. Чорабиниҳои Ҳафта ба тезонидани амалҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) нигаронида шудаанд.

Дар ин маврид чорабиниҳои зиёд гузаронда мешаванд, ки ҳамаи онҳоро пурра номбар кардан душвор аст. Ба онҳо дохил мешаванд Ҳафтаи иқлими Ню Йорк, ки ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба иқлим нигаронида шудааст; Форуми бахши хусусии СММ, ки аз ҷониби Созишномаи глобалии СММ идора шуда, тиҷорат, СММ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои дарёфти роҳҳои ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ муттаҳид мекунад; ифтитоҳи Лоиҳаи мубориза бо тағйирёбии иқлим Take Action Global, ки синфхонаҳоро дар зиёда аз 140 кишвари ҷаҳон барои гузаронидани мусоҳибаҳои мустақим, боздид аз мактабҳо ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид мекунад.

Ассамблеяи Генералии СММ чист?

Ассамблеяи Генералии СММ мақоми асосии машваратии СММ мебошад. Ба он намояндагони ҳамаи давлатҳои узви Созмон дохил мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳим, аз қабили масъалаҳои сулҳу амният ё қабули аъзои нав аз се ду ҳиссаи аксарияти овозҳоро талаб мекунанд. Қарорҳо аз рӯи масъалаҳои дигар бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.

Ассамблеяи Генералӣ ягона мақоми универсалӣ мебошад, ки барои сулҳу амонӣ, тараққиёт, барҳам додани камбизоатӣ ва бемориҳои сирояткунанда, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва муҳити зист масъулият бар дӯш дорад.

Соли 1946 дар ҳайати Ассамблеям Генералӣ 51 давлат дохил буданд, ҳоло - 193. Дар давоми 76 соли охир Ассамблеяи Генералӣ доираи масъалаҳои баррасишударо ба таври қобили мулоҳиза васеъ намуда, ҳоло ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, коррупсия, қочоқи маводи мухаддир ва ВИЧ/СПИД, ҳифзи занон, гурезагон ва муҳоҷирон, маъюбон, мардуми бумӣ ва кӯдакон, пешбурди принсипҳои асосии демократия, мубориза бо тағйирёбии иқлим машғул аст.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»