Article Pages

Барои шиканҷа чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст: ба қонунгузории ҳар як кишвари минтақа назар мекунем  

07.04.2025 - 15:07

Дар ин овеза оид ба ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ маълумоти умумӣ дода шуда, аҳамияти риояи қонун, касбият ва муносибати инсондӯстона дар кори онҳо таъкид шудааст.                            

07.04.2025 - 14:17

Дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи парванда оид ба шиканҷаи боздоштшуда Неъмат Ашӯрматов идома дорад. Дар курсии айбдорй чор нафар кормандони ШВКД-и Хучанд, аз ҷумла ҷонишини сардори шуъба нишастаанд. Онҳоро дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва муносибати бераҳмона нисбати боздоштшуда гунаҳгор медонанд. Мувофиқи маводҳои тафтишот, Ашӯрматов 22-юми феврали соли 2024 бо гумони даст доштан дар...

05.04.2025 - 10:03

Дар брошюра дар шакли дастрас барои маҳкумшудагон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо шарҳ дода шудааст. Маълумоти дарҷшуда барои хешовандони маҳкумшудагон низ муфид аст.                          

04.04.2025 - 10:09

3-юми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба рушди системаи иҷрои ҷазо дар Тоҷикистон баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ самтҳои асосии ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ ва қадамҳои амалии татбиқи стратегияи давлатӣ дар ин самт то соли 2030-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Конфронс платформаи муҳими табодули афкор ва таҷриба байни намояндагони сохторҳои давлатӣ,...

03.04.2025 - 08:13

3-юми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “HAYAT REGENCY DUSHANBE” конфронси “Рушди системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад, ки ба ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Конфронс аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар...

02.04.2025 - 11:50

Моҳи апрели соли 2025 мутахассисони ҳуҷҷатгузори Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд чорабиниҳои иттилоотии сайёр гузаронанд. Дар доираи ин чорабиниҳо онҳо бо ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Маркази ёрии ҳуқуқии ройгон вохӯрда, дар бораи фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ) суҳбат мекунанд ва механизмҳои роҳнамоии қурбониёни эҳтимолии шиканҷаву...

28.03.2025 - 11:41

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо фарорасии Иди Саиди Фитр табрик мегӯяд! Бигузор саломатӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар дар ҳар қадам ҳамроҳатон бошад. Бигузор дар хонадонатон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш ҳукмфармо бошад. Бигузор ид ба ҳаёти шумо хушбахтӣ биёрад ва нақшаҳо, умеду орзуҳои нав ато намояд!    

28.03.2025 - 10:22

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамватанони азизро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик мегӯяд! Бигузор баҳор танҳо гармӣ, шодӣ ва эҳсосоти мусбат биёрад. Бигузор дар ҳаёти шумо дигаргуниҳои мусбат, таҷдиди фикрҳо, ҳадафҳо ва эҳсосот ба амал ояд. Бигузор дар хонадонатон сулҳ, муҳаббат, ҳамоҳангӣ, шукуфоӣ ва гармӣ ҳукмфармо бошад.    

20.03.2025 - 15:50

Страницы