Статьи

Дар остонаи соли нави мелодӣ як талоши чандсолаи ҳукумати кишвар, ба вижа бахши идеологии он ба бор нишаст. Бидуни таоруф бояд масъулини ин соҳаро табрик кард. Ҳарчанд ин барнома дар асли худ бо меъёрии аслии давлатдории мо дар ин бахш, яъне ҷудо будани дин аз давлат таноқузи ошкоро дошту дорад, намешавад ҳосили заҳмати дастандаркоронро нодида гирифт. Гузашта аз ин, меъёру усулҳо барои мардуми...

07.01.2013 - 14:48

Шуҳрат Қудратов, адвокати кӯдаки ноболиғи дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт мавриди латукӯб қароргирифта бар ин назар аст, ки Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят карда, аз ин рӯ, ба аризаи ӯ дар бораи қонуншикании кормандони КДАМ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад. Ба қавли адвокат, санаи 20-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҷабрдидаи 12-сола Н.Я. ва модари ӯ нисбат ба...

04.01.2013 - 14:46

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи шиканҷа дар зиндонҳо «беасос ва иғвогарӣ»-и расонаҳо хонд. Абдулқодирзода , рӯзи 21-уми декабр, зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ки муддати се рӯз аз ҳамаи маҳбасҳои пойтахт дидан карда, бо шароиту аҳволи маҳбусон аз наздик шинос шудааст. Раиси Шӯрои уламо, ки дар ҳузури садҳо...

21.12.2012 - 17:55

Тайи моҳҳои ахир гузоришҳои ҷанҷолбарангезе дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва мавориди шиканҷа ва маргу мири зиндониён мунташир шудааст. Бавижа, ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар яке аз зиндонҳои Душанбе, ки ба таври густарда дар матбуот бозтоб ёфт, бар вазъияти ҳуқуқи башар дар муассисоти бастаи Тоҷикистон соя андохтааст. Ба дунболи ин ҳодиса, Саидалӣ Казаков, зиндонии дигар, пас аз...

28.11.2012 - 17:13

Як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, дар яке аз идораҳои амниятии Тоҷикистон лутукӯб ва шиканҷа шудааст. Ин нафар Муҳаммад Ҷамолифар аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Вай мегӯяд, намедонад, ки дар кадом идора ё утоқ шиканҷа шудааст, чун ҷой барояш он қадар ошно нест, вале медонад, ки аз сӯйи кормандони мақомоти амниятӣ таҳқир шудаасту ҳамсару модараш низ. Вай бо чунин шикоят ба...

24.11.2012 - 17:26

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик. Зикр кардан бамаврид аст, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои васеъ дода шуда, дар айни замон нисбат ба ҳар як корманди он талаботи ҷиддӣ муқаррар карда шудааст. Ҳеҷ кас мисли шумо дар ҷабҳаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин ваколат надорад ва ҳеҷ яке аз мақомоти...

10.11.2012 - 15:30

Додситони кулли Тоҷикистон баъди гузориш дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ ба суолҳои "Озодӣ" посух гуфт. Озодӣ: Хулосаҳои ин ҷаласа баъд аз шунидани гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба шиканҷа дар кишвар чӣ аст? Шерхон Салимзода: Ин дуюмин гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои он ӯҳдадориҳое аст, ки бо тасвиби Конвенсияи СММ зидди шиканҷа гирифта буд. Ман аз рафти баррасии...

09.11.2012 - 12:06

Тайи ду моҳи охир дар кишвар баҳсҳои фарогире атрофи мафҳуми шиканҷа ба миён омада, ҳанӯз ҳам идома доранд. Ин баҳсҳо бештар ба фавти маҳбус Ҳамза Икромов дар зиндони шаҳри Душанбе рабт гирифта, шаффофияти риоя шудани қонунҳои ҷории Тоҷикистонро зери шубҳа мебаранд. Умуман, назари фаъолони ҷомеа ин аст, ки маҳбасҳоро наметавон бе шиканҷа тасаввур кард. Сӯҳбати мо бо ҳуқуқдон ва вакили мудофеи...

13.10.2012 - 14:49

Сайидалӣ Казаков, ки тоза аз зиндон раҳо шудааст, мегӯяд, дар бораи бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусон гуфтаниҳо дорад. Сокини шаҳри Душанбе Сайдалӣ Казаков, ки пас адои мӯҳлати ҳабс, яъне 7 солу 7 моҳ аз маҳбаси рақами аввали пойтахт баромад, мегӯяд, нозирони зиндон бо истифода аз номи президент ва раҳбарони дигар маҳбусонро шиканҷа медиҳанд. Сайдалӣ, ки рӯзи 8 октябр озод шуд, гуфт,...

11.10.2012 - 14:53

Духтур Абдулҳаким Тугаев мегӯяд, ки аз куҷо пайдо шудани ҷароҳатҳо дар тани Икромзодаро намедонад. Пизишки 37-сола Абдулҳаким Тугаев таҷрибаи даҳсолаи кори терапевтӣ дорад. Ӯ мегӯяд аввалин нафарест, ки барои наҷоти ҷони Икромзода дар маҳбаси рақами 1-и пойтахт талош кардааст. Хабарнигорон бо истифода аз фурсати муносиб оид ба сабабҳои ба марг расидани Ҳамза Икромзода бо ӯ сӯҳбат намуданд....

28.09.2012 - 15:19

Страницы