Суд далели шиканҷа шудани Игамовро ба эътибор нагирифт

Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми сентябр шикояти адвокат Дилафрӯз Самадоваро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ оид ба далели шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии сокини 37-солаи Турсунзода Уктам Игамов, ки 2-юми июни соли равон дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд фавтид, рад кард.

Ӯ 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти характери экстремистӣ дошта боздошт шуда буд. 28-уми май ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфт, аммо рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ расонида шуд, ки он ҷо соати 15:40 вафот кард.

Уктамҷон Игамов ба бемории гепатити В бо гузаштан ба сиррози ҷигар гирифтор буд, ба истифодаи воситаҳои доруворӣ ва хӯроки махсуси парҳезӣ ниёз дошт. Вале ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ расонида нашуд. Рӯзҳои охири зиндагиаш ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт: базӯр роҳ мегашт, пойи росташ пур аз омос буд.

Ташхиси судӣ-тиббӣ шикастани қабурға ва хунрезиро дар бадани Игамов муайян кард. Ба ғайр аз ин, нишондодҳои шоҳидӣ дар бораи шикоятҳои Игамов дар мавриди латукӯб шуданаш аз ҷониби кормандони милитсия вуҷуд дорад.

Бародари Игамов ҳамчунин мегӯяд, ки Уктам вақте бо айби содир кардани ҷинояти дар қисми 2, моддаи 3073-и КҶ ҶТ нишондодашуда таҳти тафтиш қарор дошт, боздошт ва латукӯб шуд.

Адвокат дар шикояти худ ба истифода шудани шиканҷа нисбати зерҳимояаш, боздошти ғайриқонунии ӯ, нарасонидани ёрии зарурии тиббӣ замони дар СИЗО буданаш, нақз шудани ҳуқуқи аризадиҳандагон дар мавриди тафтишоти самараноку саривақтӣ, инчунин нақзи ҳуқуқҳои мурофиавӣ ишора кард.

Сарфи назар аз ин, суд шикоятро бесос номида, оғози парвандаи ҷиноятиро дар мавриди далели шиканҷа рад кард.  

«Ёдовар шудан лозим аст, ки тибқи қисми 2-и моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, касе набояд мавриди шиканҷа, бераҳмӣ ва муносибати ғайриинсонӣ қарор гирад. Дар рафти мурофиаи судӣ суд ва прокуратура ҳангоми рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ асос оварданд, ки сабаби марги Уктам Игамов бемории ӯ буд. Бале, мо бо ин баҳс намекунем. Аммо ӯ аз ҷониби кӣ латукӯб шуд, кай таҳти тафтишот қарор дошт? Барои чӣ Игамов бе ёрии зарурии тиббӣ монд, ки куллан метавонист сабаби марги ӯ баъди боздошташ гардад? Барои чӣ суд пешгирӣ дар шакли ҳабс муқаррар кард, гарчанде Игамов сахт бемор буд ва ба нигаҳбонии доимиву ёрии тиббӣ ниёз дошт? Бисёр саволҳо дар парвандаи мазкур беҷавоб монданд ва баррасии объективию ҳамаҷониба сурат нагирифт»,- мегӯяд Дилафрӯз Самадова.

NoTorture.Tj